Нозияи Кароматулло
Меню сайта

Календар
«  Февраль 2014  »
ДуСеЧоПаҶуШбЯк
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728

New mp3-2014

Мини-чат

Наврӯз муборак

Эй ВАТАН

Фалак

Кӯдакон

Азия-Плюс

Сабзинару

Гиря мекунам

Бе ту

Наш опрос
Сайти ман ба шумо макул шуд?
Всего ответов: 4613

Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Главная » 2014 » Февраль » 19 » Маро ҳар рӯз шавҳар медиҳанд
19:57
Маро ҳар рӯз шавҳар медиҳанд


Нозияи Кароматулло

Маро ҳар рӯз шавҳар медиҳанд 


                 Нозия пайваста аз ишқ мехонад, аз муҳаббат қисса мекунад тариқи таронаҳояш, вале бо ин ҳама пардаҳои рози дунёи зебои Нозия барои муштариёни ҳунараш ҳанӯз нокушода аст. Аз ин хотир, мо Нозияи Кароматуллоро ба «Мулоқоти ғоибона» даъват намудем, то дӯстдорони Нозияҷон тавонанд ақаллан чанд соат хӯшачини боғи андешаҳои Нозиябонуи ноздонаи санъати тоҷик бошанд. Инак, пурсишҳои хонандагони гиромиву посухи пурмуҳаббати сарояндаи шӯҳратёрро пешкашатон мегардонем.

 

Савол:-Нозия, таронаи «Бовар намекунум»-ро басо пуралам ва таъсирбахш сурудаед. Ба ишқи кӣ бовар намекунед, ки ин қадар бо дард сурудед?
Зуҳалхонум н. Ҳисор

 Ҷавоб: -Зиндагӣ худ гирдоби ғаму дарду сӯз аст ва сароянда розгӯи ҳоли дили мардум. Ин суруд баёнгари дарди дили ҳазорон ошиқони дилсӯхта гашт ва ман шодам, ки натанаҳо ҳамчун сароянда, балки ҳамчун актриса низ ин дардро тасвир карда тавонистаму ошиқони роҳгумзадаро таскин бахшидам.

 Савол:-Нозияхонум, росташро гӯед, кадоме аз таронаҳоятон ифодагари зиндагии худи шумост?

Ҷавоб:-«Бе ту мемирам», таронаи «Бо ман бигӯ» манша аз ҳаёти худи ман гирифтаанд.

 Савол:- Дар клипи як сурудаш абрӯвони Нозияро чидашуда дидам ва ба ёдам расид, ки Нозия дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки ба хотири начидани абрӯвонаш аз нақшофарӣ дар филми ҳиндӣ даст кашидааст. Одатан духтарҳои тоҷик дар ҷашни арӯсиашон абрӯво-нашонро мечинанд. Магар Нозияи фариштахисол шавҳар кардааст?

Рустами ҳисорӣ.

 Ҷавоб:- Имрӯз дар назди шумоям ва худатон шоҳидед, ки абрӯвонам то ба ҳол начиндаанд. Замона пеш рафта истодааст, мо дар клипсозӣ аз грим ва макияж истифода мекунем.

 Савол: Нозия сабаби вақтҳои охир аз рӯзноманигорон ва маҷаллаҳои даврӣ дурӣ ҷустанатон чист? Аз серкорӣ барои сӯҳбат бо хабарнигорон вақт намеёбед ё бо ягон журналист муноқиша кардед?

Савригул

 Ҷавоб:-Ман нисбати рӯзноманигорон чи аз соҳаи телевизион бошанд ва чи аз матбуот эҳтироми бузург дорам ва то ҳол нашудааст, ки ягон суоли онҳоро беҷавоб гузошта бошам. Маҳз бо дастгирии журналистон мардум бо кору заҳмати санъаткорон ошно мешаванду қадрамон менамоянд. Зинда бошанд!

 Савол:-Дар рекламаи як филми тоҷикӣ Нозияро дар нақши асосӣ дидем. Бигӯед, ки ин чигуна филм аст?

Марворид, сокини
ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Бовар кунед, ин гапро нав аз даҳони шумо шунида истодаам. Намедонам ин кори кист ва мазмуни филм чист.

 Савол:-Нозияро дар ягон идораи давлатӣ ба кор даъват кунанд, тарки саҳна намуда меравед?

Рухшона,
ҳамшираи тиб

 Ҷавоб: -Не, ман ҳеҷ гоҳ тарки саҳна, санъат ва мухлисонам намекунам, чунки онҳо дорои мананд, фахру маънии зиндагии мананд. Вазифаи хубе пешкаш кунанд, ҳарду корамро пеш мебарам. Боварӣ дорам, ки аз ӯҳдааш мебароям, чунки дар баробари сарояндагӣ нозукиҳои касби соҳибкориро низ аз худ намудаам.

 Савол:- Чандин ҷавонони ташнаи ишқ мехоҳанд бо Нозия аҳду паймон бубанданд. Посухи Нозия ба ин ошиқон чист?

Манучеҳр, ш. Ваҳдат

 Ҷавоб:-Барои хотири ошиқонамро наранҷонидан ҳаминро мегӯям, ки дӯстдорӣ агар аз як тараф бошад, ишқ нест, балки оинаест, ки ба зебогии зоҳириаш дил бастаанд. Ҳиссиёти муҳаббат дар дил набошад, одам худашро маҷбур карда наметавонад, ки дигареро дӯст дорад. Бахт ба рӯйи касе, ки хандаду заррае муҳаббаташ дар дилам маъво бигирад, барои қабул кардани ишқаш ҷаҳд мекунам.

 Савол:-Овозае пайдо шуда буд, ки Нозия бо ҳиндубачае аҳду паймон дорад ва ба наздикӣ келини ҳиндуҳо мешавад. Ин гап рост аст?

Фотимаи профсоюзӣ

 Ҷавоб:-Ин овозае беш нест хоҳари азиз. Дар Ҳиндустон таҳсил карда бошам ҳам, дар гурӯҳамон ягон ҷавони ҳинду намехонд. Аз Нигерияву мамлакатҳои Осиёи Миёна ва аз Голандияву Африқои Ҷанубӣ буданд.

Мардум Нозияро ҳар рӯз ба касе ба шавҳар медиҳанд ва ман ба ин гапҳо аллакай одат кардаам.

Савол: Салом! Муҳаббат ҳастам ва мехоҳам бо Нозияҷон дӯст шавам. Орзуи бузургтаринам дугонаи наздики Нозияҷон будан аст, то рози диламонро ба ҳамдигар бигӯем.

Муҳаббат,
аз ш. Душанбе

 Ҷавоб: Албатта бо шумо дугона мешавам ва дар вақтҳои холигӣ мунису ғамхори ҳамдигар мегардем.

 Савол:-Чаро Нозия худро қурбони санъату саҳнаву мухлисонаш намудааст. Магар фикри бахт, шавҳари меҳрубону оилаи ободро намекунад? Хоҳарам, агар савоби шавҳардориро медонистӣ…

Ҳоҷӣ Бенёмини роғунӣ

 Ҷавоб:-Ҳар як зан дар фикри оилаи ободу шавҳари меҳрубон аст ва ман низ истисно нестам. Худро қурбони санъат накардаам, ҳамин ки дари бахтам кушода шуд, иншооллоҳ аз паси зиндагӣ мешавам ва дар сурати ба саҳна баромаданамро манъ кардани ҳамсарам тарки саҳна менамоям, чунки оила муқаддастар аст.

 Савол:-Таронаи «Ҳалқаи ишқат»-ро сурудеду миёни мардум сару садоҳо пайдо шуданд, ки ин суруд асрори ишқи худи Нозия аст. Росташро гӯед, ин тарона бо ҳаёти шумо чи иртибот дорад?

Сурайё Рабиева н. Ҳисор

 Ҷавоб:-Вақте матни ин сурудро аз дафтари эҷоди Шоираи Раҳмиҷон хондам, писандам омад ва майли ба оҳанг дароварданаш дар қалбам пайдо шуд. Ин таронаро танҳо ба он хотир сабт намудам, ки ошиқони бевафо гӯш кунанду дигар ваъдахилофӣ накунанд. Дигар ҳеҷ.

 Савол:- Ҳар боре номи Нозияро мешунавам тану ҷонам ба ларза меояд, зеро ошиқаш ҳастам, вале аз изҳори муҳаббат намудан метарсам. Очаамро ба хонаашон фиристам қабул мекарда бошад?

Лоиқ, н. Рӯдакӣ

 Савол:- Ҳар боре номи Нозияро мешунавам тану ҷонам ба ларза меояд, зеро ошиқаш ҳастам, вале аз изҳори муҳаббат намудан метарсам. Очаамро ба хонаашон фиристам қабул мекарда бошад?

Лоиқ, н. Рӯдакӣ

 Ҷавоб:- Модарам чизе гӯянд (шарм дошта ханда мекард Нозия) Марҳамат, касе ҷуръат дошта бошад, биёяд ба хостгорӣ.

Савол:-Нозияро ҳар рӯз бардурӯғ шавҳар медиҳанд. Мехоҳам донам, ки ошиқи ҳақиқии Нозия кист ва кай даъватномаи тӯяшонро мегирем?

Паричеҳр, н. Ҳисор

 Ҷавоб: Худо хоҳад, ба наздикӣ дар тамоми расонаҳои хабарӣ эълон мекунанд, ки Нозия бо дӯстдоштааш оиладор мешавад, аммо кӣ будани он ошиқи хушбахт махфист.

 Савол:-Консерти Нозияро дар шаҳри Панҷакент мардум кайҳо интизоранд. Даъват кунем, меоед?

Далер, ш. Панҷакент

 Ҷавоб: Бале, агар даъват кунанд, албатта дили пиру барнои Панҷакентро шод мегардонем.

 Савол:-Яккаписарам ва ҷавони хушқаду қомат. Мехоҳам баъди моҳи рамазон арӯс фарорам. Нозияро ҳамроҳи бародараш ба тӯям даъват кунам, меояд?

Толиб, аз н. Ҳисор

 Ҷавоб: Меравам, аммо суруд намехонам, чунки то имрӯз ба ягон тӯй «заказ» нарафтаам. Ин бародар маро ҳамчун меҳмон даъват кунанд, албатта ба табрикашон мераваму дар тӯяшон рақс мекунам.

 Савол:- Апаи Нозия, боре шудааст, ки бо бародаратон Муҳаммадрофеъ ҷанг карда бошед?

 Ҷавоб:-Дар ҳама хонадон ҷангу ҷанҷол ва гаправӣ ҳаст. Баъзан эркагӣ карда гапгардонӣ мекунам, аммо бародарам хеле ҷиддист ва ман аз ӯ сахт метарсам.

 Савол:-Нозиябону бисёр номи зебо доред. Ин номи қашангро кӣ ба шумо гузоштааст?

Фароғат Юсуфӣ

 Ҷавоб:-Падарам гузоштаанд. Сарояндаи Покистонӣ Нозия хеле машҳур буд ва падарам овозу ҳунари ӯро дӯст дошта маро Нозия ном ниҳодаанд.

 Савол:-Нозия кадом хӯрокро дӯст медоред ва аз ӯҳдаи пухтанаш мебароед?

 Ҷавоб:- Оши буридаро хеле бомазза мепазам.

 Савол:- Садои Нозия доруст ва чандин нафар мухлисони ошиқро табобат мекунад, худи Нозия хастаю ранҷур шавад, чи кор мекунад?

Сураё Рабиева

Ҷавоб:-Ҳолатҳое мешавад, ки одамони бекор ба ман занг зада бо гапҳои пучу бемаънияшон асабамро хароб мекунанд. Дар ин ҳолатҳо ба хонаи алоҳида медарояму мусиқиро баланд монда худамро ором месозам.

 Савол:- Дар як ҳафтанома нигоштаҳои Хайрандешро хондам, ки нисбати либоспӯшии Нозия дар консерташ назари танқидӣ дошт. Аз гуфтаҳои устод наранҷидед?

Тамано аз н. Ҳисор

 Ҷавоб:- Ростӣ, худам нахондаам, вале ба ман расонданд, ки ким кадом шоир маро дар рӯзнома танқид намудааст. Фикр намекунам, ки либоси ғалат пӯшида бошам. Дар Ҳиндустон атласро ба таври сарӣ мепӯшидам. Ба мардум хуш меомад ва наздам омада пурсон мешуданд, ки ин либоси шинаму зебо моли куҷост. Фахр карда мегуфтам, ки либоси милии халқи тоҷик аст. Либосе, ки ман дар консертам пӯшидам нимбараҳнаву кушода набуд, ки боиси малоли хотири аҳли адаб гардад.

 Савол:-Чанде пеш яке аз рӯзномаҳо татқиқот гузаронда муайян кард, ки нархи толори консертии Кохи Борбад 31 ҳазор $ аст. Барои Нозия ин нарх гаронӣ намекунад?

Файзалӣ Холбой, аз ш. Душанбе

 Ҷавоб:- Ростӣ, вақте мо ҳамроҳи бародарам дар Кохи Борбад консерт додем, нархи толор ин қадар қиммат набуд, баъдтар нархаш яку якбора ба осмон дакка хӯрд. Дар шароити имрӯза албатта ин пули бисёр калон аст ва на ҳар ҳунарманд қудрати дар ин толор консерт доданро дорад.

 Савол:-Бархе бар он боваранд, ки агар кӯшишу талошҳои Зулфияхон намебуд, ҳеҷ гоҳ ба Кароматуллои Қурбон унвон намедоданд, ҳатто пас аз маргаш. Назари Нозия ба ин масъала чӣ гуна аст?

Фарангис, аз н. Рӯдакӣ

 Ҷавоб:- Алабатта модарам кӯшиш карданд, аммо фикр мекунам, ки барои унвонро ба падарам дар зиндагияш додан вақт набуд ё шароит.

-Таманниёти Нозия ба мухлисонаш чист?

Ҷавоб:-Таманно мекунам, ки дар моҳи мубораки Рамазон дар хонадони ҳар фарди тоҷик файзу баракат зиёд гардаду нуру саховат рӯи хонашон резад.

Просмотров: 4393 | Добавил: noziyai_karomatullo | Рейтинг: 2.1/11
Всего комментариев: 1
1 rmr-92  
0
Мешавам хушхол гар бинам туро. 
 Чехраи гулбарги тар бинам туро . 
 Пеш аз он чун гунчае медидамат. 
 Хохам аз ин бехтар бинам туро.

Сар ба пой дуст мондан ин кам аст , 
Хонаи бе дуст бошад мотам аст. 
Хар ки дорад дуст бинад рузи хуш , 
Хар ки бе дуст монд доим дар гам аст

Хушзабонем гуфтаву лек бадзабони мекунем, 
Хушгумонем гуфтаву лек бадгумони мекунем, 
Сад дарего ки дили мо бо забон як зайл нашуд, 
Мехрубони гуфтаву лек номехрубони мекунем!

Агар хайре куни вакти сахар кун,
забони худ хамеша чун шакар кун, 
дилозори макун дар зиндагони, 
гарибону ятимонро назар кун.
Падар-Модар Худои зиндагиям парешон ганчу зарро хоки дар кун, 
падар рози Худову халк рози, 
худорози Падарро точи сар кун
 
Ин шерхо хонед хакоратро бас кунед

Шуморо агар зид набошед Чои апа кабул мекунам агар шумо моро чои додар кабул созед

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]
Нозияи Кароматулло © 2024